Накши хокимияти суди дар таъмини хукук ва озодихои инсон

Конситутсияи Чумхурии Точикистон 6 ноябри соли 1994 ба тарики райпурсии умумихалки бевосита аз чониби шахрвандони Чумхурии Точикистон кабул карда шуд, ки бо он Чумхурии Точикистон худро давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона эълон намуд.

Демократи будани давлат пеш аз хама ба он вобастаги дорад, ки хукуку озодихои инсон дар кадом сатх карор дорад ва онхо читавр хифз карда мешаванд.

Хифз шудани хукуку озодихо бошад, дар арсаи байналмиллали нуфузи давлатро баланд намуда, эътибори онро зиёд мегардонад. Дар моддаи 5-и Конситутсияи Чумхурии Точикистон эътироф шудааст, ки » Инсон,хукук ва озодихои он арзиши оли мебошанд. Хаёт, кадр,номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд. Хукуку озодихои инсон ва шахрвандро давлат эътироф, риоя ва хифз менамояд. Кафили хифзу хукуку озодихои инсон ва шахрванд будани конситутсия дар он зохир мегардад, ки Конситутсия эътибори олии хукуки дошта меъерхои он мустакиман амал мекунад. Конунхо ва дигар санадхои хукукие, ки хилофи Конситутсия мебошад, эътибори олии хукуки надорад.

Давлат ва хамаи макомотхои он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияхо вазифадоранд конситутсия ва конунхои чумхуриро риоя ва ичро намоянд. Санадхои хукуки байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, ки кисми таркиби низоми хукукии чумхуриро ташкил медихад. Агар конунхои чумхури ба санадхо хукукии байналмиллали эътирофшуда мутобикат накунанд, меъёрхои хукуки байналмилали амал мекунанд. Хамин тарик,Суд ягона макомот ва шохаи хокимият аст, ки кафолатхои додаи конситутсияро оиди хифзи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, дар амал хамаруза таъмин менамояд.

Ёрдамчии Раиси суд:

Вахобзода М.