Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

17 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҷараёни мулоқот сарварони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули афкор мекунанд.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз шуд. Дар ин бора котиботи СҲШ хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ масъалаҳои омодагӣ ба саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе доир мешавад ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо ба сарварони давлатҳо пешниҳод месозанд, баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин, масъалаҳои фаъолияти ҷории созмон арзёбӣ мешаванд.
Вохӯрӣ то 15 сентябр идома меёбад.