Иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Ш.Шоҳиён дар Ҷаласаи 14-уми Раисони Судҳои Олии Созмони Ҳамкории Шанхай

Рӯзҳои 17-19 июни соли 2019 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раисони Судҳои Олӣ ва судяҳои 8 давлати аъзои ин Созмон ширкат варзиданд. Инчунин дар кори он муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Аккошкаров Н.С., Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақии зиддитеррористии Созмони мазкур Ғиёсов Ч.Ф., муовини директор Мукашев А.Г., намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён ва судяҳои Суди Олӣ Қодирзода Т.Қ. ва Ализода Н.И. иштирок намуданд.
Тибқи барнома дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Ихтисори муҳлати дида баромадан ва кам кардани шумораи парвандаҳои баррасинагардида дар марҳилаҳои гуногуни судӣ, рушди ғайрисудии тартиби ҳалли баҳсҳо (истифодаи чораҳои оштидиҳӣ), таҷрибаи давлатҳои аъзои СҲШ;
2. Аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар оила;
3. Аз нав дида баромадани қарор ва ҳукмҳо вобаста ба парвандаҳои ҷиноятие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд;
4. Чораҳои тақвиятбахшандаи мустақилияти ҳокимияти судӣ;
5. Салоҳияти суде, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд: Мушкилот ва дурнамои ташаккули он.
Дар ҷаласа раисони Судҳои Олӣ ва дигар иштирокчиён ва баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба муҳимияти мавзуҳои баррасишаванда, қонунгузории кишвари худ, таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуда, тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо идома дода шавад.
Қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои СҲШ соли 2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор карда, дар он масъалаҳои муҳим вобаста ба кору фаъолияти мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Бояд қайд кард, ки баргузории ҷаласаҳои мазкур робитаи байни Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро таҳким бахшида, барои шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ, раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии ҳамдигар ва рушди қонунгузории миллии кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.