ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНА
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНА
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар самтҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардиданд. Дар шароити мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудааст, аҳамияти вижа касб мекунад. Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ба замми ин, қабули ин ҳуҷҷати муҳим аз нигоҳи сиёсӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии муваффақ, сулҳҷӯёна ва созандаи давлат арзёбӣ мегардад. Аз нигоҳи таърихӣ низ қабули ин Қатънома дар марҳилае сурат гирифт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда ниёз дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз марҳилаҳои душвортарини таърихи навини худ — ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд. Маҳз ҳамин таҷрибаи талхи таърихӣ аҳамияти сулҳу ваҳдат ва муколамаи созандаро барои давлат ва ҷомеа ба таври амиқ ошкор сохт ва собит намуд, ки роҳи музокирот, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш нисбат ба роҳи муқовимат ва зӯрӣ самарабахштар аст. Ин дастоварди бузурги таърихӣ дар партави сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна, дурбинона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо иродаи қавӣ ва талошҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба даст омада, кишварро аз хатари парокандагӣ ва нобудии давлатдорӣ наҷот дода, барои оғози марҳилаи нави рушду пешрафти давлат заминаи устувор фароҳам овард.
Шохрух САТТОРЗОДА,
судяи суди шаҳри Конибодом
Суди шаҳри Конибодом 