ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ТОЛОРИ МАҶЛИСИ СУДИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ НАВСОЗӢ ШУД
ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ТОЛОРИ МАҶЛИСИ СУДИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ НАВСОЗӢ ШУД
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори маҷлиси судии Суди шаҳри Конибодом пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо шароити муосир муҷаҳҳаз гардид.
Бо мақсади шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода аз толори таҷдидшуда боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки таҳти роҳнамоиву дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Конибодом, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Таъмиру навсозии толори маҷлиси судӣ туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани шароити баргузории мурофиаҳои судӣ ва дигар чорабиниҳои расмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Суди шаҳри Конибодом 