Аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Муайян карда шуд, ки ронанда Б.Р.С. дар таърихи 14 ноябри соли 2019 тахминан соати 16:20 дақиқа дар шахри Конибодом, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс с-180», рақами қайди давлатиаш 4550 ВС02-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Р.С. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, нишондод дод, ки дар ҳақиқат рӯзи 14 ноябри соли 2019 тахминан соати 16:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёташ дар шахри Конибодом ӯро нозирони БДА боздошт намуда, бо гумонбарии истеъмоли нушокиҳои спиртӣ ба клиникаи норкологӣ бурдаанд. Дар клиникаи норкологӣ ӯро санҷиш намуда, нисбаташ протокол тартиб дода, автомашинаашро ба таваққуфгоҳи муваққатӣ ворид намудаанд. Дар ҳақиқат ӯ нушокиҳои спиртии оби ҷав (пиво) истеъмол намуда, автомашинаашро идора намудааст. Аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазо сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Б.Р.С. худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида бошад ҳам, гуноҳи ӯ бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда ва дигар маводҳои парванда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд,  тасдиқи худро ёфт.

Аз ин рӯ, суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Р.С. бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта ба хулоса омад, ки Б.Р.С. бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.